Навсозии мактаб-интернати беҳдошти ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ИМА
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова). -Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт манзилҳои барқароршудаи мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рӯдакиро, ки бо маблағгузории Амрико навсозӣ гардидаанд, мавриди истифода қарор дод.
Манзилҳои аз нав барқарор шуда ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори барқароршуда мебошанд, ки бо маблағи 45 000 доллари ИМА навсозӣ гардидаанд. Корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби Дафтари ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба кӯмаки ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиё маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва кӯмаки башардӯстонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Ҳолати санитарӣ ва беҳдошт барои талабагон ва кормандоне, ки дар мактаб кор ва зиндагӣ мекунанд, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ беҳтар гардидааст.
Мактаб-интернати беҳдошт соли 1964 ҳамчун иншоот барои кӯдакони дорои сироятҳои мухталиф роҷеъ ба сироятнопазирии заифӣ аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис шуда буд. Зиёда аз 500 кӯдакони синни аз 7 то 16 дар мактаби мазкур соҳиби маълумоти ибтидоӣ шуда, ба муолиҷаи тиббӣ низ дастрасӣ доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






