Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Ноябрь 27, 2013 14:22

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз 27-уми ноябр, дар маҷлисгоҳи “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе Маркази миллии тестӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия(READ), Бонки ҷаҳонӣ ва шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти«Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муаррифии «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Тавре ки сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев иттилоъ дод, дар ин муаррифӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборова, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов, роҳбари шуъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар А. Нозимов, роҳбари барномаи READ дар Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ С.Бозорова ва роҳбари Шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди мадад З.Ҳалимова, Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Лякин-Фролов,роҳбарони мактабҳои олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои соҳаи маориф, мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин ҷаласа ба аҳли ҷомеа ошно намудани тартибу қоидаҳо ва расмиёти имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ва тақсими донишҷӯён ба донишгоҳу доникадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тавассути Маркази миллии тестӣ аз соли 2014 оғоз мегардад.

Ноябрь 27, 2013 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд