Оғози Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2013 11:50

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 16 ноябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов маросими оғози Ҳафтаи Аврупо баргузор гардид. Дар ин маросим асарҳои Бах, Бетховен, Бизе, Верди ва Паганини иҷро шуда, омӯзгорону донишҷӯёни консерватория суханронӣ карда, ҳамчунин ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳунарнамоӣ намуданд.Дар ҳошияи ҳафта филмҳои кишварҳои Аврупо намоиш дода, конфронс дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои иҷтимоии зебопарастӣ» баргузор мегардад.Ин чорабинӣ бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази фарҳанги «Бохтар» зимни ҳамкорӣ бо Хазинаи Ҷомеаи кушода, Пажӯҳишгоҳи Гёте воқеъ дар шаҳри Тошканд ва Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «IDEA» — и Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки Ҳафтаи Аврупо панҷ сол боз дар Тоҷикистон доир мегардад.

Ноябрь 18, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш