Омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар меҳвари АБ ИДМ
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Омодагӣ ба таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз масъалаҳое буд, ки дар меҳвари ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 28 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, қарор дошт. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои омодагӣ ҷиҳати мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботҳо дар кишварҳои ИДМ, ки дар соли 2014 доир мегарданд, мавқеи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ барои дар миқёси ИДМ баргузор намудани соли фарҳанги экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва натиҷаҳои конгресси шашуми байналмилалии экологӣ матраҳ гардиданд. Дар ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ дар ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки: «раванди баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 6 -ноябри соли 2013 доир гардид, 500 нозири байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, ИДМ, АБП ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар кишварҳою созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мушоҳида намуданд. Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 80 васоити ахбори оммаи хориҷиро ба қайд гирифт, ки онҳо ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро инъикос карданд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому субот тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ гузашт. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳайати нозирони ИДМ, хусусан, роҳбари нозирони ҳайати ИДМ Сергей Лебедев зимни як нишасти матбуотӣ аз баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки мо ягон қонуншиканию тақаллубукориро дар раванди баргузории интихобот мушоҳида накардем. Шукурҷон Зуҳуров зимни баромади хеш дар кори ҷаласаи АБ ИДМ ба тамоми ҳайати нозирони ИДМ, аз ҷумла Шӯрои котиботи АБ ИДМ ва вакилони парлумонҳои кишварҳои Иттиҳод барои иштироки фаъолашон ва холисона баҳо додани ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон арзи сипос баён намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






