Омодагии қитъаҳои интихоботӣ дар Русия
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Роҳбарони аксарияти қитъаҳои интихоботӣ, ки онҳоро Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия ташкил намудааст, бо Сафорати ҶТ дар ФР равобити зич барқарор намуда, хабар доданд, ки ба ташкилу гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд.
Мувофиқи хабари Сафорати ҶТ, роҳбарони қитъаҳои интихоботӣ дастгирию мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти ҳокимияти маҳаллиро, аз ҷумла, дар ҳалли масоили ҷудо кардани биноҳои овоздиҳӣ, фароҳам овардани воситаҳои алоқаю нақлиёт, ҳамчунин таъмини амнияти чорабинии пешорӯ ба таври махсус қайд намуданд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати ҶТ дар ФР ва роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон дар ин росто ба онҳо фаъолона ёрӣ мерасонанд.
Тавре ки дар Сафорати ҶТ дар ФР қайд намуданд, «ғайр аз ин Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия, ки Сафорати Тоҷикистон бо он робитаи зич дорад, қитъаҳои интихоботии шаҳри Маскав ва 23 минтақаи Федератсияи Русияро бо ҳуҷра ва қуттиҳои доимию сайёри овоздиҳӣ таъмин менамояд. Сафорат аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷониби Русия ва, дар навбати аввал, ба Комиссияи марказии интихобот ва Вазорати корҳои хориҷии он барои расонидани ёрӣ ҷиҳати роҳандозии ин чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Тоҷикистон дар қаламрави Русия изҳори сипос мекунад».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






