Оташ сари вақт хомӯш карда шуд
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова)-Дар натиҷаи беэҳтиётӣ 14 ноябри соли ҷорӣ соати 12-40 дақиқа дар утоқи кории муҳосиби рўзномаи «Паёми Рўшон», воқеъ дар деҳаи Рўшони ноҳияи Рўшони ВМКБ, сўхтор ба амал омад.
Алангаи оташ дар масоҳати 2 метри мураббаъ мизи корӣ ва дигар ашёву ҳуҷҷатҳоро нобуд сохт. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва 4 нафар сокини деҳаи мазкур дар хомўш намудани сўхтор саҳм гирифтанд.
Маълум гашт, ки сабаби сўхтор беназорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи барқӣ буда, гунаҳгори ҳодиса муҳосиби редаксияи рўзнома Мирзобек Дўстов мебошад. Зарари сўхтор 3000 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шуда ба 60 000 сомонӣ баробар аст.
Инчунин дар ин рӯз бо сабабҳои номаълум дар майдони токзори Кооперативи истеҳсолии «Ёқут боғбунёд», воқеъ дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат сўхтор рух дод. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон 5 гектар токзорро оташ фаро гирифта буд.
Оташнишонон бо истифода аз 2 адад нақлиёти сўхторхомўшкунӣ, дар ҳамкорӣ бо 20 нафар сокини деҳаи мазкур, роҳҳои паҳншавии сўхторро ба зуди пешгирӣ намуданд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакии коршиносон зарари ба кооперативи истеҳсолӣ расида 3800 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи молу мулки аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шуда баробар ба 268 000 сомонӣ мебошад.
Тавре ки аз Хадмоти давлатии оташнишонии ВКД хабар доданд, барои муайян намудани сабаб ва гунаҳгори ҳодиса аз тарафи хадамоту мақомоти дахлдор тафтишот бурда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






