Оташнишонон 3 нафарро наҷот доданд

Ноябрь 19, 2013 11:11

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -18 ноябри соли равон аз сабаби риоя нагаштани талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи балони гази моеъ соати 13-29 дақиқа дар манзили истиқоматии иҷоранишин Нурулло Саъдуллоев дар ошёнаи 4-уми бинои истиқоматии кўчаи Борбад 105/1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  сўхтор ба амал омад. Оташ масоҳати 15 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Оташнишонон бо истифода аз нардбонҳои соҳавӣ тавассути тиреза ба дохили ҳуҷраи зист ворид гашта, аз дохили он Нурулло Саъдуллоев, завҷааш Тоҷиниссо Саъдуллоева  ва писараш  Абдуллоҷони Нуруллои 22- соларо наҷот доданд. 
Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар доданд, гунаҳгори ҳодиса худи Нурулло Саъдуллоев буда, зарар аз сўхтор 1000 сомонӣ ва маблағи молу мулки аз сўхтор нигоҳ дошта шуда ба 40 000 сомонӣ баробар мебошад.  

Ноябрь 19, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш