Овоздиҳии беш аз 80 фоизи интихобкунандагон
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – То соати 18:00 санаи 6 ноябри соли 2013 мутобиқи маълумоти ирсолнамудаи ҳавзаҳои интихоботӣ 3 миллиону 380 ҳазору 68 нафар дар маъракаи интихоботи Президентӣ иштирок намуда, раъйи хешро ба номзади мавриди таваҷҷуҳ додаанд.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев дар ин бора иттилоъ дода, гуфт, ки шумораи зикргардида 80,3 фоизи умумии интихобкунандагонро дарбар мегирад.
Ба иттилои А. Додоев натиҷаҳои пешакии расмии овозҳои гирифтаи номзадҳо 7 ноябр эълон хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






