Озмун давом дорад
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагии Хазинаи рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти АвруОсиё» дар Тоҷикистон аз оғози соли таҳсил дар бораи гузаронидани озмунҳои донишҷӯён ба номи Дмитрий Менделеев ва ба номи Михаил Ломоносови донишкадаҳои олии асосии кишвар хабар дод.
Тавре ки аз хазинаи мазкур хабар доданд, барои иштирок дар озмун довталабон бояд забони русиро хуб донанд, дар ҳаёти ҷамъиятии донишкадаи олӣ фаъолона иштирок намоянд, ба тадқиқоти илмӣ машғул шаванд ва ғолиби ягон озмун ё олимпиада бошанд.
Имсол озмунҳо дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода эълон шуда буданд. Дар озмунҳо ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Хуҷанд ба номи М.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев иштирок менамоянд.
То имрӯз 10 нафар донишҷӯёни беҳтарини ҷумҳурӣ ғолибони озмунҳо ғардидаанд. Ғолибони озмунҳо дар тамоми давраи таҳсилот ҳар моҳ чун мукофот ҳар кадом сад долларӣ мегиранд.
Ҳукумати кишвар тасмим гирифта буд, ки аз моҳи сентябри соли 2012 байни донишҷӯён озмун эълон намуда ва ба онҳо имкон диҳад, ки донишу малакаҳои худро афзун намоянд. То имрӯз 20 нафар донишҷӯёни донишкадаҳои олии кишвар ҷоизони озмунҳои ба номи Михаил Ломоносов ва Дмитрий Менделеев гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






