Озмуни «Беҳтарин зани соҳибкор» дар Кӯлоб
Кӯлоб, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов).- Мутобиқи иттилои шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар саросари минтақаи Кӯлоб озмуни «Беҳтарин зани соҳибкор» эълон гардид. Дар озмун занҳои аз 18 то 35- сола метавонанд ширкат варзанд. Чорабинии мазкур дар минтақаи Кӯлоб бо дастгирии кулли ҶСП ТАКА «Имон-интернейшел» ба расмият медарояд.Мақсад аз чорабинӣ ҷамъ намудани истедодҳои навтарин дар ин самти корӣ ва ҳавасманд намудани занон ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, инчунин баланд бардоштани савияву малакаи донишандӯзӣ дар самти фаолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар озмун занон нақша-бизнеси худро ба комиссияи тадорукотӣ пешниҳод менамоянд. Дар робита ба ин беҳтарин нақша-бизнес дастгирӣ ва сармоягузорӣ мешавад.Озмуни мазкур моҳи январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони мардумии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин соҳибкорону ташкилотҳои ҷамъиятии занон ҷамъбаст мешавад ва беҳтаринҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






