Парчам ва муқаддасоти он

Ноябрь 25, 2013 11:15

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи таҷлили Парчами миллӣ Конфронси илмию амалии «Парчам ва муқаддасоти он» баргузор гардид. Назар ба хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, конфронсро муовини аввали сардори раёсат поковники милиса Саидхӯҷа Мирзохоҷаев ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиронро бо ин рӯзи фархунда муборакбод кард. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дастоварди бебаҳои истиқлолияти давлатии халқ ба шумор меравад. Дар кишвар 21 — солагии Парчами Тоҷикистон чун яке аз идҳои умумимиллӣ таҷлил мешавад.

Ноябрь 25, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш