Парлумон пешниҳоди Президентро тасдиқ кард
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии ҷумҳурӣ 26 ноябр пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи озод намудани Зикрихудо Самадов аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намуда, қарори марбута қабул карданд. Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ З. Самадов раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин гардид. Ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшоев, ки қаблан дар мансаби раиси ноҳияи Ишкошим фаъолият мекард, ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Акрамхон Кучакшоев бобати содиқ мондан ба халқу ватан ҳамчун сараудитор дар назди вакилони Парлумон савганд ёд кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






