Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13 фоиз афзуд. Таркиби бақияи пасандозҳо ба таври зайл тақсимбандӣ шудааст: 1’874,2 млн. сомонӣ (ё 35,0 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 3’475,5 млн. сомонӣ (ё 65,0 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 2,2 фоиз кам ва 23,3 фоиз зиёд шудаанд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,44 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,05 фоиз ва 1,6 фоиз паст мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






