Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Кӯлоб, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов).- Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дин ва фаъолзанон мизи мудавар доир шуд. Ҳадафи асосии ҷамъомад дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила » буд. Мақсад- шиносонидани бахшҳои ноҳиявии кумитаҳои занон ва оила бо ин қонун оид ба такмил додани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва пешгирии зӯроварӣ,тағйир додани афкори омма нисбат ба зӯроварӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия дар самти пешгирии зӯроварӣ, гузаронидани семинарҳои таълимӣ ва тренингҳои маърифатӣ дар байни аҳолӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






