Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ноябрь 1, 2013 09:42

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатии «Пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ таъсис дода шудааст.31 октябри соли равон дар маркази “Вефа” лоиҳаи мазкурро муаррифӣ намуданд. Дар муаррифӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Алимова, аз Ташкилоти СММ Барно Муҳаммадиева, роҳбари СММ «Нуфузи аҳолӣ» Азиза Ҳамидова, роҳбари лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» Алфреда Забиета, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Лоиҳаи Барномаи давлатии «Пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» аз ҷониби гуруҳи корӣ таҳия гардидааст, ки мақсади асосии барномаи мазкур танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила буда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Дар чорабинӣ иштирокчиён дар атрофи лоиҳа баҳсу мунозираҳо намуда, оид ба мукаммал намудани он пешниҳодҳои худро ироа карданд.Бояд зикр намуд, ки дирӯз барои баррасии лоиҳаи ин барнома раиси кумита Сумангул Тағоева ба вилояти Суғд сафар намуд. Дар назар аст, ки 2 ноябри соли ҷорӣ лоиҳаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд низ баррасӣ гардад.

Ноябрь 1, 2013 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд