Пешравиҳо дар соҳаи технология
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар, беҳтар шудани ҳисси масъулиятшиносии мактаббача ва омӯзгор кормандони ҶДММ «Индекс-ТҶ» барномаи идоракунию иттилоотӣ ва таҳлилиро таҳти унвони «Таҳсил» роҳандозӣ намуданд. Барномаи «Таҳсил» ширкати ватанӣ буда, ҳамаи мутахассисони он тоҷик ҳастанд. Ин аввалин барнома дар соҳаи маориф мебошад, ки бо ин кори идораи мактаб пурра автоматӣ шудааст.Ширкати мазкур се сол боз дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз болои ин барномаи компютерӣ кор карда, бо зиёда аз 80 мактаби шаҳру ноҳияи вилояти Суғд корҳои санҷиширо бомуваффақият ба анҷом расонд. Дар соли таҳсили 2013-2014 тафсири (версия) 3 ба истифода дода шуд, ки алҳол марҳилаи пайвастшавии он идома дорад. Тибқи иттилои кормандони ширкати мазкур ҳамаи он мактабҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳастанд, онҳо имконияти ихтиёрӣ бо ин барнома кор карданро доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






