Пешсафии ҳавзаи интихоботии №15 дар раъйдиҳӣ
Душанбе, 6 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«То соати 13:00 дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор №15 123 ҳазору 120 нафар сокинони ноҳия ба интихобот рафта, овоз додаанд, ки 76,5%-и раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад»,-гуфт Абдусалом Ҳамдамов-раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҳисор №15. Дар маҷмуъ, шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор №15 134 ҳазору 765 нафар буда, аз ин теъдод 5 ҳазору 674 нафарашон бори нахуст дар интихобот иштирок менамоянд. Инчунин 14 ҳазору 63 нафар сокинони Ҳисор дар хориҷи кишвар раъй хоҳанд дод.
Бобати дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор №15, ки дорои 92 участкаи интихоботӣ ва ду участкаи интихоботии пӯшида аст- инҳо қисмҳои низомӣ, интихоботи президентӣ ба таври муташаккилона идома дошта, мардум бо умеди фардои нек ва шукуфоию пешрафти сарзамини Тоҷикистон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба номзади сазовор раъй медиҳанд.
Ҳамзамон раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии Ҳисор¹ №15 Абдусалом Ҳамдамов зикр кард, ки ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро дар қитъаҳои овоздиҳӣ нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, инчунин намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва нозирони миллӣ мушоҳида намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






