Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон савганд ёд кард
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар Қасри «Миллат» ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана аз ҷониби Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамзамон дар ин маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳокимияти президентӣ- Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Сипас, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат раҳсипор гардида, дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумони мамлакат аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






