Пулро ёфтан осон, саломатиро чӣ?
Панҷакент, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Имрӯз аксар шаҳрвандони шаҳри Панҷакент аз баландии нархи доруҳо ва сифати пасти онҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо боз аз он бештар ҳайронанд, ки ба чӣ сабабе қисмати бештари дорухонаҳои ноҳия бе нархномаҳо дору мефурӯшанд, яъне маблағи ягон дору муайян нашудааст?… Кӣ аз ин манфиат мебинаду кӣ ба қавле «хонабардӯш» магардад?
Аз ин амали «бар манфиати як доруфурӯшу бар зарари аксар»-и дорухонаҳои доруҳояшон бе нархнома, ҳатто кормандони соҳаи тиб ва аслан он духтуроне ҳам, ки дар дармонгоҳҳову беморхонаҳо кор мекунанд, низ норозиву дар шигифтанд. Аз ҷумла, сардухтури дармонгоҳи таваллудхонаи шаҳри Панҷакент Камолиддин Баҳриев мегӯяд, ки дар ҳолате, ки доруи дорухона нархи муайян надошта бошад, яъне нархаш навишта нашудааст, хоҳ нохоҳ харидор гумон мекунад, ки доруфурӯш ӯро фиреб медиҳад, ҳатто дар сурати на он қадар баланд будани қиммати дору ҳам. Аз ин рӯ, барои ба доруфурӯш бовар кардани мизоҷ ва норозигие миёни ду ҷониб- харидору фурӯшанда рух надодан, беҳтар он аст, ки дорухонаҳо ба доруҳояшон нарх мемонданд. Ин аз ҷониби дигар, бар манфиати худи доруфурӯшҳо ҳам аст, зеро харидор чун дид, ки нарх навишта шудааст, бовараш ба доруву он нуқтаи савдои дору бештар мегардад ва шояд бе дудилагӣ аз он ҷо мудом харидорӣ намояд.
Ба андешаи аксар, доруфурӯшҳои имрӯза на дар ғами беморон, балки дар андешаи пур кардани кисаи хешанд. Пас, кӣ бояд дар ғаму андешаи саломатии мардум бошад?..








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






