Рӯзи интихоботи Президенти Тоҷикистон офтоб мешавад

Ноябрь 5, 2013 11:58

 
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Екатерина  Пасторова).-  Мувофиқи  маълумоти   сомонаи  расмии Хадамоти  ҳавосанҷии  Тоҷикистон,  Рӯзи  интихоботи  Президенти  Тоҷикистон  аксаран  ҳавои  беғубору  офтобӣ мешавад. 
 
Ҳарорати  ҳаво  дар  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  шабона  аз  7  то  9 ва  рӯзона  аз  10 – 12  дараҷа  гарм  шуда,  борон  намешавад. 
 
Дар  ин рӯз  ҳаво  дар  вилояти  Суғд  аз  13 то  15  дараҷа  гарм  шуда,  шамол  дар  як  сония  9 – 14  метр  мевазад. 
 
Дар  вилояти  Хатлон  ва  вилояти  Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  ҳаво  гарм  шуда,  вале  баъзан  борони  кӯтоҳмуддат  дар назар  аст. Бо  вуҷуди  ин  ҳарорати  ҳаво  дар  вилояти  Хатлон  18  дараҷа  ва  дар  ВМКБ 15  дараҷа  гарм  мешавад. 

Ноябрь 5, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад