Рӯзи Сарқонун ва интихоботи Президенти ҶТ дар як рӯз доир мешавад

Ноябрь 5, 2013 11:57

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  6  ноябр  мардуми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 19 – солагии Рӯзи  Сарқонуни   кишварро  таҷлил  менамоянд.  Мутобиқи  қарори  иҷлосияи  панҷуми  муштараки  Маҷлиси  миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ, ки  30  август  қабул  шуда буд,  6  ноябр  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ баргузор  мегардад. 
 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон  ва  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  чун  ба  рӯзи  корӣ,  яъне ба  рӯзи  чоршанбе  рост омадани  6  ноябр,  мувофиқи  Қонуни  ҶТ «Дар  бораи  рӯзҳои  ид»  ин  рӯз  ба  вақти дигар  гузаронида  намешавад. Бинобар  ин   аҳолии  Тоҷикистон  ҳамагӣ як  рӯз,  яъне  6  ноябр  истироҳат   намуда,  7  ноябр ва  рӯзҳои  минбаъда  мувофиқи  ҷадвали  тақвим  рӯзҳои  корӣ ба  шумор  мераванд. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  6  ноябри  соли  1994  дар  натиҷаи раъйпурсии  умумихалқӣ  қабул  шуда буд,   санади   асосии  меъёрии  давлату  ҷомеа маҳсуб  мешавад. 
 
Моҳи  июни  соли  2003  ба Сарқонун  тағйироту  ислоҳот  ворид  гардид,  ки  мақсад  аз  он  такмили  низоми  интихоботӣ,  судӣ ва  идораи давлатӣ  мебошад.  Мувофиқи  сарқонун  низоми  ҳокимият  дар  Тоҷикистон  ба  се  шоха  — қонунгузорӣ, ки  аз  ҷониби  Маҷлиси  Олӣ (парлумон)  сурат  мегирад,  ҳокимияти  иҷроия, ки  онро Ҳукумат  роҳандозӣ  менамояд ва  судӣ  тақсим  шудааст,  ки он иборат  аз  Суди  Конститутсионӣ,  Суди  Олӣ, Суди  Олии иқтисодӣ  ва  Суди  ҳарбӣ  мебошад.
 
Мутобиқи  Сарқонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Президент  Сарвари  давлат   ва Ҳокимияти  иҷроия (Ҳукумат)  мебошад.
 
Мутобиқи  Низомнома  «Дар  бораи  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»   дар  ин  рӯз  Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  афрохта  мешавад.  Бо  ибтикори  мақомоти  давлатӣ,  созмонҳои  ҷамъиятӣ ва  гуруҳҳои   мардумӣ  дар Рӯзи  Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чорабиниҳои   дорои  хусусияти  ҷамъиятию  сиёсӣ  роҳандозӣ  мешаванд. 
 

Ноябрь 5, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд