«Равшан» қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон оид ба футбол

Ноябрь 14, 2013 15:25

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров).- Дастаи  «Равшан» — и  шаҳри  Кӯлоб  дар  даври  21 – уми  мусобиқоти  ҷумҳурӣ   дастаи  «Энергетик» — и   шаҳри  Душанберо  бо  ҳисоби  як  бар  сифр  мағлуб  сохта,  қаҳрамони  дукаратаи  Тоҷикистон оид  ба  футбол  гардид. Футболбозони  клуби  «Истиқлол» — и  пойтахт  соҳиби  медалҳои  нуқра  гардиданд. 
 
Тақдири  медалҳои  биринҷӣ  рӯзи  якшанбеи  17  ноябр  баъди  вохӯриҳои  даври  22  — юми  мусобиқот  байни  клубҳои  лигаи  олии Тоҷикистон ҳал  мешавад. 

Ноябрь 14, 2013 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш