Роҳандозии «Донишвари умедбахш» дар Хатлон

Ноябрь 19, 2013 12:52

Ҳамадонӣ, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии муҳассилин ҳамасола Раёсати маорифи вилояти Хатлон  байни  толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳамагонӣ   озмуну олимпиадаҳои фанниро роҳандозӣ менамояд, ки    хонандагони фаъол дар даврҳои гуногуни  озмунҳо ширкат варзида, соҳиби ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва роҳхатҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мегарданд.  Дар даври навбатии чунин як озмун бо номи «Донишвари умедбахш», ки миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуд, шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта панҷ баробар зиёд буд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Донишвари умедбахш» соли дуюм аст, ки гузаронида мешавад ва дар соли аввал дар сатҳи вилоят бештари ҷойҳои ифтихориро маҳз хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи мазкур соҳиб гардиданд. Пайваста гузаронидани чунин озмунҳо шавқи мактаббачагонро ба донишандӯзӣ бештар мекунад. 

Ноябрь 19, 2013 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш