Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 1 ноябр . (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Ҳолгер Грен мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар доданд, Шариф Саид ҷаноби Сафирро бинобар шурӯъ кардан ба иҷрои вазифааш табрик гуфта, ба фаъолияташ муваффақиятҳо орзу намуд. Шариф Саид, аз ҷумла зикр намуд, ки Олмон кишвари дорои нерӯи бузурги иқтисодию истеҳсолӣ буда, дар саноати он технологияҳои навтарин рӯи кор оварда мешаванд. Тоҷикистон хоҳони ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон буда, вале имрӯз сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест. Раиси Палатаи савдо ва саноат ҳамчунин Сафири Олмонро аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар, ки ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд, воқиф намуд. Мавсуф дастовардҳои бузурги Олмон дар соҳаи тибро зикр намуда, пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид намудани техникаи тиббӣ ва ташкили дармонгоҳ бо иштироки духтурони намоёни Олмон, такмили ихтисос ва тарбияи кадрҳои соҳаи мазкур бештар рушду густариш дода шавад.Шариф Саид зарурати дар шаҳри Душанбе ташкили намоишгоҳ ва ҳамоиши аҳли тиҷорати Олмону Тоҷикистонро таъкид намуд, зеро ин василаи беҳтарини рушду таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






