СҲШ ҷонибдори барномаи ҳастаии Эрон

Ноябрь 28, 2013 11:17

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Созмони Ҳамкории Шанхай паймони байни вазирони корҳои хориҷии Британияи Кабир, Олмон, Эрон, Чин, Русия, ИМА ва Фаронса аз рӯи барномаи ҳастаии Эронро, ки 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женева ба даст омад, дастгирӣ менамояд. Созмони Ҳамкории Шанхай ин иқдомро саҳми муҳиме ба таҳкими вазъи боварию ҳамфикрии байни давлатҳои манфиатдор, беҳдошти вазъияти Шарқи Наздик ва Миёна мешуморад. Дар ин бора аз мудирияти иттилооту таҳлили Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ба АМИТ «Ховар» хабар доданд

Ноябрь 28, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш