Сӯзонидани беш аз 146 кило маводи мухаддир дар Суғд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Дар ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷии вилояти Суғд 146 килову 104 грамм маводи мухаддир чун далели шайъии 9 парвандаи ҷиноӣ дар печи махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.Аз миқдори умумии маводи мухаддири сӯзондашуда 79 килову 567 грамми он героин буда, 66 килову 357 грамм ҳашиш ва 180 граммро афюн ташкил дод. Ҳиссаи бештари маводи мухаддире, ки сӯзонда шуд, героин (зиёда аз 79 кило) буд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира карданд.Тавре ки аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд, аз рӯзи ташкили Агентии назорати маводи нашъаовар то ҳоло зиёда аз 14 тонна воситаҳои нашъадор сӯзонида шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






