Саҳми Комплекси агросаноатӣ ба бозори маводи ғизоии ИДМ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ Қозидавлат Қоимдодов 26 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масоили Комплекси агросаноатии ИДМ иштирок намуд. Қозидавлат Қоимдодов зимни суханрониаш фаъолияти муваффақонаи Шӯрои байниҳукуматиро хотирнишон сохта, зикр намуд, ки бахши агросаноатии Тоҷикистон ба иқтисодиёти давлат саҳми бузург гузошта ва барои ташаккул ёфтани бозори маводи ғизоии Иттиҳод фаъолона кор мекунад. Қариб 70 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ карда, вазни қиёсии комплекси агросаноатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар беш аз 25 фоизро ташкил медиҳад.Дар кишвар суръати баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ тайи 9 моҳи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 9,3 фоиз афзуд. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ баробари 10,8 фоиз ва маҳсулоти бахши чорводорӣ баробари 5,9 фоиз зиёд шуд.Сабаби фаровонии ҳосили ғалла, картошка, сабзавот ва зироатҳои дигари кишоварзӣ истифодаи технологияҳои баланди парвариши зироат ва шароити мусоиди иқлим мебошад. Аз рӯи ҳамаи масоили марбут ба Комплекси агросаноатии Иттиҳод қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






