Сабаби реҷаи барқ – таъмиру табдили пояҳои хатти баландшиддат
Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Додобоев).- Аз 17 ноябр тайи ҳафт рӯзи минбаъда дар ҳудуди вилояти Суғд реҷаи барқ ҷорӣ шудааст, ки сабаби он таъмир ва иваз намудани яке аз пояҳои оҳанини хатти баландшиддати барқи «Ҷануб – Шимол» аст.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи энергетика ва саноати маъмурияти вилояти Суғд, таъмиру табдили пояи оҳанин дар асоси нақшаи муштарак ва аҳди пешакии байни Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад. Пояи зикршудаи хатти баландшиддати барқ воқеъ дар куҳпораи наздики нақби Анзоби ноҳияи Айнӣ бар асари бархӯрдан бо санги калон осеб дидааст.
Шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов ва як қисми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро нерӯгоҳи Қайроққум бо барқ таъмин намуда, ба ноҳияҳои боқимондаи вилояти Суғд барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






