Сабаби сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ

Ноябрь 18, 2013 14:20

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи равон аз тарафи кормандони қисми мустақили 26-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Синои пойтахт, бо иштироки бевоситаи сардори хадамот подполковники хизмати дохилӣ Хуршед Раҳимов дар маҳаллаи Авул чорабиниҳои муҳими зиддисўхторӣ такроран гузаронида шуданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки ба ҳамаи таъкиду ҳушдори кормандони хадамот нигоҳ накарда, ҳамоно сокинони бинои истиқоматии 9-ошёнаи кўчаи Клагенфурт 3/2 оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро сарфи назар намуда, дар таҳхонаи бинои мазкур захираи калони ҳезум ва дигар маводи зуддаргирандаро нигоҳ медоранд. Атрофи бинои истиқоматиро худсарона бо панҷараҳои оҳанин ва симтӯрҳо махкам карда, дар дохили он шоху кундаҳои дарахтон, мебели кўҳна ва дигар молу ашёҳои нодаркорро нигоҳ медоранд. Ҳамчунин дар шафати бинои мазкур аз тарафи истиқоматикунандагон худсарона танӯру оташдонҳо ва анҷомхонаҳои чўбин сохта шудаанд, ки дар сурати ба амал омадани сўхтор алангаи оташ бе ягон монеа метавонад бинои 9- ошёнаи истиқоматии мазкурро пурра фаро гирад. Панҷараҳои оҳанину симтӯрҳо ва сохтмонҳо ба кормандони хадамот дар гузаронидани амалиёти хомўш намудани сўхтор низ метавонанд монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда, сабабгори на танҳо хисороти калони моддӣ, балки талафоти ҷонӣ низ гарданд. Чунин як бемасъулиятиро кормандони хадамоти ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе дар бинои истиқоматии 9- ошёнаи кўчаи Ҳофизи Шерозӣ, 12-и пойтахт низ ошкор намуданд. Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар доданд, барои дағалона вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар бинои маъмурии КВД «Манзилхизматрасон» 4-и ноҳияи И. Сомонӣ ва биноҳои истиқоматии ба он тааллуқ дошта, сардори идораи мазкур Ҳоҷӣ Қаюмов чанде пеш ба маблағи 600 сомонӣ, аз тарафи кормандони хадамоти мазкур ҷарима баста шуд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ҷиҳати таъмини риоияи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор то ба ҳол чораҳои дахлдор андешида нашудаанд.

Ноябрь 18, 2013 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд