Сад чорабинии варзишӣ бахшида ба рўзи Парчами Тоҷикистон
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Бахшида ба рӯзи Парчами Тоҷикистон, ки шуруъ аз соли 1992 ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, баргузории сад чорабинии варзишӣ дар кишвар пешбинӣ гардидааст.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар чорабиниҳои варзишӣ иштироки ҷавонон дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, иштирокчиён дар баробари тақвият додани ҳунари варзишӣ бо таърихи Парчам ва муқаддасоти он аз наздик ошно мегарданд.
Чорабиниҳои мазкур дар руҳияи ҷавонон бори дигар ҳисси ватандӯстиро тақвият хоҳанд бахшид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






