Садамаҳои фоҷиаовар
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- 3 ноябри соли равон тахминан соати 23:00-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Фарҳодҷон Раҳматҷонов, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш Тақдир Ёрови 28-сола ва Парвиз Кабирови 32-сола, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи «БМВ» Иброҳимов Бахтиёр Уктамович, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои «Нур», мошинро идора карда натавониста, ба канори рости роҳ баромада, ба симчӯби чароғаки роҳнамо ва пас аз он ба дарахти қафои симчӯб бархӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама, худи ронанда ва мусофири ӯ Юнусов Одилҷон Толибович, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур Нуъмон Оқилов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






