Сафари 870 ҳазор нафар дар даҳ моҳ ба хориҷа

Ноябрь 19, 2013 10:29

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар даҳ моҳи соли 2013 аз ҷумҳурӣ 869 ҳазору 538 нафар шаҳрвандон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз ин ҳисоб мардҳо 729 ҳазору 619 нафар ва занҳо 139 ҳазору 919 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2012 104 ҳазору 533 нафар зиёд мебошад.Аз ин ҳисоб 721 ҳазору 530 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 633 ҳазору 432 нафарро мард ва 88 ҳазору 098 нафарро зан ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад.

Ноябрь 19, 2013 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш