Сафари бонувони вакил ба Аврупо
Душанбе, 27 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар Саммити солонаи занон дар Парлумон-Форуми глобалӣ, ки то 29 ноябри соли равон дар Парлумони Аврупо, воқеъ дар Брюссел доир мегардад, иштирок менамоянд. Дар робита Назира Ғаффорова -муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва Нодира Турдиматова, вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар ба Белгия сафар намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Саммити солонаи занон дар Парлумон дар рӯзе баргузор мегардад, ки дар ин рӯз 120 сол муқаддам занони Зеландияи Нав дар ҷаҳон аввалин шуда, дар интихоботи миллӣ овоз доданд. Форуми глобалии мазкур ба якчанд кишвар барои иштироки фаъолонаашон дар паст кардани фарқияти гендерӣ дар асоси маълумоти гузориши Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба фарқияти гендерӣ мукофот тақдим хоҳад кард. Форуми глобалии занон дар Парлумон ниҳоди мустақил, байналмилалӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафаш ёрӣ расонидан ба ҷомеа ҷиҳати таъсиси шабакаи занон дар Парлумон аст. Раёсати машваратӣ фаъолияти Форуми глобалии занон дар парламентро назорат ва раҳнамоӣ мекунад. Ба ҳайати раёсат роҳбарони шинохтаи сиёсӣ, ба мисли Ҷоди Уиллямс, Муҳаммад Юнус, Вивйен Рединг, Оли Рейн, Паскал Леми, Лакшми Пури ва дигар чеҳраҳои маъруфи Аврупо шомиланд. Интизор меравад, ки намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар доираи иштирок дар кори Саммит инчунин дар чорабиниҳои вобаста ба таҷлили «Рӯзи рушди Аврупо» низ ширкат варзанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






