Санади ҳамкории байни Тоҷикистону Кувайт ба тасвиб расид
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба тасвиб расониданд.
«Ҳадафи ниҳоии санади мазкур роҳ надодан ба андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя ва афзун намудани гардиши мол байни Тоҷикистону Кувайт аст», гуфт муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳуллоҳ Ҳакимов дар назди вакилони Парлумон аснои муаррифии созишномаи мазкур. Ин санад ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Кувайт мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки гардиши мол байни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба соли 2012 -ум 2,7 % афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата вуҷуд дорад, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд гардидани сармоягузории хориҷӣ ба мушоҳида мерасад. Эътибор пайдо кардани санади мазкур имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар соҳаи энергетика, саноати куҳӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва туризм густариш ёфта, ба зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Созишномаи мазкур моҳи июни соли равон зимни сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт ба имзо расонида шуда, он аз 29 модда иборат аст. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 26 кишвари ҷаҳон чунин созишномаҳоро ба имзо расонидааст.
Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






