Сатҳи таваррум дар моҳи октябр муътадил буд

Ноябрь 25, 2013 10:27

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Сатҳи таваррум дар моҳи октябри соли равон муътадилӣ ва устувории худро нигоҳ дошт. Тавре ки аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, дар давраи январ-октябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур дар моҳи октябр 0,3 фоиз ва дар зарфи 12 моҳи охир 3,4 фоизро ташкил дод. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 октябри соли ҷорӣ 5,5 фоиз муқаррар шудааст.

Ноябрь 25, 2013 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш