Шӯрообод: сифати хизматрасонии бонкӣ беҳтар гардидааст
Шӯрообод, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод дар ҷамоатҳои дурдасти Саричашма ва Даштиҷум маркази хизматрасонии бонкиро ба роҳ монд, ки тавассути он кормандони соҳаи буҷавӣ ба воситаи корҳои пластикӣ сари вақт маоши худро дастрас карда метавонанд. Ба иттилои директори филиали мазкур Қиматшо Содиқов барои дастрас кардани маблағҳои интиқолӣ, маош ва нафақаи кормандони соҳаи маориф, тибб, фарҳанг ва дигар соҳаҳои буҷавӣ маркази онҳо сари вақт хизмат мерасад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нуқтаҳои интиқолӣ аз ҳисоби маблағҳои интиқоли шаҳрвандон, ки аз дохили ҷумҳурӣ ворид шудаанд, 209 ҳазору 610 сомонӣ ба мардум хизмат расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1,57% зиёд мебошад. Инчунин ҷалби амонатҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки вазифаи асосии ҳар як корманди бонк мебошад, дар низоми бонкӣ нақши муҳимро мебозад. Аз ин лиҳоз маблағҳои ҷалбшудаи амонатҳои муҳлатноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 1млн. 471 ҳазору 983 сомонӣ ва амонатҳои бурдноки «Иқбол» 24 ҳазору 4710 сомониро ташкил медиҳад, -хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






