Шаҳрвандони тоҷик дар Анқара овоз дода истодаанд
Анқара, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев). — Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара аз соати 6 субҳ участкаи интихоботии рақами 84 ба кори худ шуруъ намуд. Донишҷӯён, соҳибкорон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони муқими Туркия субҳи барвақт барои раъй додан ва иштирок намудан дар ин маъаракаи муҳими сиёсӣ ба сафорат омаданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот омодагии ҳамаҷонибаро ба роҳ мондааст. Дар ин сабқат шаш номзад аз ҳизбҳои мухталифи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Туркия дар донишгоҳҳои гуногуни Туркия зиёда аз 350 нафар донишҷӯёни тоҷик зиндагӣ ва таҳсил менамоянд. То соати 10 вақти маҳаллӣ аллакай нисфи зиёди шаҳрвандон ба номзади арзандаи худ овоз доданд. Инчунин бояд зикр намуд, ки барои шаффофу озод баргузор шудани интихобот қуттиҳои шаффоф ва ҳуҷраҳои алоҳида барои овоздиҳӣ омода гардидаанд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия ду участкаи интихоботӣ ташкил шудааст ва ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандони тоҷик аз ҳаққи конститутсионии худ ба осонӣ, ҳатто берун аз кишвар низ баҳравар гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






