Шахсияти тоҷикони кушташуда маълум шуд

Ноябрь 18, 2013 11:51

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ноҳияи Сосновски шаҳри Челябинск кушта шуда буданд, маълум намуд. Онҳо сокинони деҳаи Муғиёни ноҳияи Панҷакент Абдуманнон Сангинбоев ва Сайриддин Мутрифов будаанд. Мувофиқи суханони консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев, алҳол чанде аз шаҳрвандон бо гумонбари ин ҷинояткорӣ боздошт шуда ва масъалаи таҳти назорат гирифтани онҳо баррасӣ мешавад. Тафтишот муқаррар намуд, ки сабаби ин ҷиноят мақсадҳои ғаразнок будааст.Тавре ки намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод қайд намуд, Сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои махсуси дипломатӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбург дастур дод, ки зимни ҳамкорӣ бо роҳбари ҷамоаи тоҷикон дар вилояти Челябинск, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати ҶТ дар ФР Исломиддин Раҷабов ҳалли масоили ба Ватан фиристодани ҷасади шаҳрвандони кишварро тезонанд. Хотирнишон месозем, ки 12 ноябри соли равон дар яке аз биноҳои наздики шаҳри Челябинск ҷасади ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гардида буд.

Ноябрь 18, 2013 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш