Ширкатҳои бузург қарздори калон
Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши бақияпулии андоз дар ҷумҳурӣ 138,5 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми он то моҳи сентябри соли равон ба 779,2 миллион сомонӣ расидааст, мегӯяд Сафаралӣ Раҷабов- раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон. Мавсуф зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» афзуд, ки ҳаҷми зиёди маблағҳои бақияпулиҳо ба корхонаҳои азими кишвар 461, 2 миллион сомонӣ ё 59,1 %, вилояти Хатлон 124, 4 миллион сомонӣ ё 16%, вилояти Суғд 110,2 миллион сомонӣ ё 14,1 % ва 10,8 % ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ рост меояд. Қарзи нисбатан калони андоз ба ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, то моҳи сентябри соли равон 353, 5 миллион сомониро ташкил дод. Бақияи қарзии андозҳои ширкати мазкур нисбат ба 1 январи соли 2013 ба маблағи 98,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 71,2 %-и маблағи умумии қарзи дар 8 моҳ афзударо ташкил медиҳад. Маблағи қарзии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Сангтӯда-1» , воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон 41, 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки иҷрои нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи 5 намуди андоз ба маблағи 109,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз фоида 6, 8 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 20, 9 миллион сомонӣ, андоз аз фурӯш 11, 2 миллион сомонӣ, воридоти ғайриандозӣ 7,3 миллион сомонӣ ва аксизҳои беруна 63, 5 миллион сомонӣ иҷро нагардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯш аз ҳисоби таъсири омилҳои беруна ва паст рафтани ҳаҷми истеҳсолот дар баъзе корхонаҳои азими кишвар, андози аксизии беруна аз ҳисоби кам гардидани воридоти маҳсулот ва воридоти ғайриандозӣ ба буҷет аз ҳисоби иҷро нагардидани уҳдадориҳои ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик», Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» дар назди буҷет аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ таъмин карда нашуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






