«Сомонбонк» аз Феҳрасти ташкилотҳои қарздиҳанда хориҷ гардид
Душанбе, 1 ноябр . (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бинобар анҷоми кори комиссияи оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 октябри соли равон Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Сомонбонк» аз Феҳрасти ташкилотҳои қарздиҳанда хориҷ карда шуд. Мувофиқи қарорҳои дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бар асари хотима ёфтани фаъолият иҷозатномаю шаҳодатномаҳои ҶСК «Грант- Кредит», созмонҳои қарзҳои хурди «Занони меҳрубон», «Кулчашма», «Ватанам», «Ҷонсӯз», «Насрин» ва «Нӯшор» аз эътибор соқит карда шуданд. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи ҳуҷҷатҳои зикршуда иҷозатномаю шаҳодатномаҳои созмонҳои зикршудаи қарздиҳӣ нораво дониста ва онҳо аз Феҳрасти созмонҳои қарзҳои хурд хориҷ гардиданд. Ба ҳамин тариқ, ҳоло 18 бонк, 36 созмони пасандозҳои хурд, 44 созмони қарзҳои хурд, ҳамчунин 46 хазинаи қарзҳои хурд дар Феҳрасти ташкилотҳои қарздиҳанда боқӣ мондаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






