Созишномаи байни Тоҷикистону Кувайт ба тасвиб мерасад
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон зимни баргузории ҷаласа имрӯз, 4 ноябр лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», „Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон“ -ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014, „Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя“, „Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад“ матраҳ гардиданд.
Раисони кумитаҳои палатаи поёнии Парлумон роҷеъ ба моҳияти масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд. Интизор меравад, ки 7 ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон масъалаҳои матраҳгардида баррасӣ ва қабул хоҳанд гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






