Суғд: Буҷети вилоят дар соли 2014 беш аз 1 миллиард сомонӣ
Суғд, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум, ки дирӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода баргузор гардид, вакилон баррасии масъалаи буҷети вилоятро барои соли 2014 бо афзоиши 24,8 дарсад дар ҳаҷми 1 миллиарду 38 миллион сомонӣ тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чорум, масъалаи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иҷрои ваколати вакилиашон шунида шуд. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкур вакилон дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2013, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба моликияти ҷумҳуриявӣ гузаронидани биноҳо, инчунин оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофии вилоят қарорҳо қабул карда, қарорҳои қабулкардаи раиси вилоят дар фосилаи ду иҷлосияи охири Маҷлиси вакилони халқи вилоятро тасдиқ намуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






