Суҳбати телефонии вазири энергетикаи ҶТ бо директории генералии «Газпром»

Ноябрь 4, 2013 16:08

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ бо директории генералии ҶСП «Газпром ЭП интернешнал Сервис Б.В» В.Л Гулев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар суҳбат ҷонибҳо  масъалаи оғози корҳои геологӣ-инкишофӣ, ҷустуҷӯ дар майдони ояндадори «Шоҳамбарии ғарбӣ» ва идомаи корҳои тадқиқоти геофизикро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мусоҳибон дар ҷараёни суҳбат азхудкунии қабатҳои маҳсулотноки чоҳи якуми Сариқамиши ноҳияи Шаҳринавро, ки зимни сафари раиси Раёсати ҶСК «Газпром» ба Душанбе оид ба омода намудани кадрҳои соҳаи нафту газ аз ҳисоби раёсати мазкур мувофиқа шуда буд, барраси карданд.     

Ноябрь 4, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш