Сўхтор дар мактаб
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -13 ноябри соли равон ҳангоми риоя нагаштани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи печкаи ангиштсўз соати 19-30 дақиқа дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32 деҳаи Қаракенҷаи ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳияи Ҷиргатол сўхтор ба амал омад. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 42 метри мураббаъ шифт ва боми бинои мактабро оташ фаро гирифта буд. Дар натиҷаи амалиёти фаврии тактикию оташнишонӣ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ (ХДО) роҳҳои паҳншавии алангаи оташро пешгирӣ карда, сўхторро хомўш намуданд. Мувофиқи иттилои коршиносони ХДО ВКД зарар аз сўхтор 5000 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз нобудшавӣ нигоҳдоштаи оташнишонон 500 000 сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян намудани гунаҳгори ҳодиса аз тарафи мутахассисони соҳа таҳқиқ бурда мешавад. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, ҳолати бехатарӣ аз сўхтори мактаби мазкур то оғози соли нави хониш ба таври мукаммал аз тарафи нозирони хадамот санҷида шуда, ба директори он Нусрат Икромов амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор бо як силсила пешниҳодҳои муҳими зиддисўхторӣ супорида шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






