Тақдими унвонҳои фахрӣ ба варзишгарон

Ноябрь 5, 2013 15:38

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Руқияи Боймамад).- Дар нимаи дуюми имрӯз бахшида ба Рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  ба 88 нафар варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну  кормандон барои  рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ супорид.
Аз ҷумла, бо унвони варзишии «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 нафар, унвони варзишии «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 нафар, унвони варзишии «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» 3 нафар, унвони варзишии «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ» 5 нафар, унвони варзишии «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  9 нафар, унвони фахрии варзишии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар, унвони фахрии варзишии «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 9 нафар сарфароз гардиданд.
 
 
 
 
 

Ноябрь 5, 2013 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд