Таҳлили шаффофияти буҷет
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Таҳлили шаффофияти буҷет ва ҷараёни буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин ном дошт суҳбати мизи мудавваре, ки имрӯз дар Парлумони мамлакат доир гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби котиботи назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар доираи лоиҳаи «Тақвият додани иқтидори Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» гузаронида шуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳамаҷонибаи ислоҳотро татбиқ менамояд, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои муҳими рушди миллии Тоҷикистон таъсиси системаи самараноки идоракунии давлатӣ ҳамчун замина барои рушди иқтисодии мамлакат ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аст. Дар доираи барномаи ислоҳоти мазкур аз ҷумла, системаи идоракунии молияи давлатӣ нақши муҳимро мебозад. Таъкид шуд, ки шаффофияти буҷет, ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ яке аз талаботҳои шаффофияти қарорҳои давлатӣ аст. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баланд бардоштани шаффофияти ҷараёни буҷет ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти буҷетӣ тариқи беҳтар гардонидани заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки ҷараёни буҷети давлатиро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад. Дар сӯҳбати мизи мудаввар ҳамзамон натиҷаи татқиқоти шаффофияти ҷараёни буҷетӣ дар кишвар муаррифӣ гардид, ки он аз тарафи Рафкат Ҳасанов- мушовири байналмилаӣ бо дархости котиботи Кумитаи Маҷлиси намояндагон гузаронида шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






