«Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷўи роҳҳои ҳал»-конфронс

Ноябрь 21, 2013 15:33

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Имрўз бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади асосии конфронс аз омўхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо,фурсати баррасӣ намудани принсипҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишоф додани иқтидор барои ҳамаи кўдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст. Дар конфронс мушкилот ва имкониятҳои эҳтимолӣ барои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хадамоти иҷтимоӣ ва дастгирии психологӣ–тиббӣ-педагогӣ, бартараф намудани монеаҳову муҳайё сохтани шароити ҷавобгў ба ниёзҳои кўдакони дорои талаботи махсуси таҳсилӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, системаи тайёр намудани муаллимон ва мутахассисон,таҳияи бархурдҳои нави илмӣ ва базаи таълимию методӣ,баланд бардоштани огоҳӣ дар байни аҳолӣ баррасӣ шуд. Барои иштирок дар конфронс 70 нафар иштироккунанда, аз ҷумла намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо,мақомоти худидораи маҳаллӣ,созмонҳои ҷамъиятӣ,машваратҳои психологӣ-тиббӣ –педагогӣ,созмонҳои байналмилалӣ,мактабҳои таҳсилоти олӣ,муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ даъват шуданд.

Ноябрь 21, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад