Таҷдиди «Сафедорак» аз ҷониби ширкатҳои Қатар
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова),- Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуи Тоҷикистон бо ҳайати баландпояи ширкатҳои сармоягузории «Қатар Холдинг», ширкати энержии «Набрас», ширкати коркарди канданиҳои фоиданоки «Ал-Таъдин»-и Давлати Қатар вохўрӣ намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи вохӯрӣ як силсила масъалаҳои марбут ба соҳаи туризм ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо барои имкониятҳои сармоягузорӣ дар самти туризм ибрози андеша намуда, кумита лоиҳаи инвеститсионии «Таҷдиди базаи куҳии лижаронии «Сафедорак» дар ҷамоати «Такоб»-и ноҳияи Варзоб» ба ҷониби ҳайати ширкатҳои Давлати Қатар пешниҳод гардид. Ҳайати қатарӣ лоиҳаи мазкурро ҷиҳати баррасӣ ва мавриди истиқбол қарор дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






