Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар толори замонавӣ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд, ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар донишгоҳ толори фарҳангӣ пас аз таъмиру таҷдиди куллӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт ва дар он бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомади бошукуҳ доир гардид. Ҳамоишро ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, пиромуни гиромидошти Сарқонун, риояи қавонини мамлакат ва моҳияи нуктаҳои муҳими Конститутсия изҳори андеша намуд.
Тавре ки мавсуф зикр кард, Сарқонуни ҷумҳурӣ санади тақдирсози миллат буда, ба шаҳрванди кишвар лозим аст, ки дар чаҳорчӯбаи он фаъолият намояд. Конститутсияи мамлакати мо дар радифи яке аз беҳтарин ва мардумитари сарқонунҳои дунё қарор дорад. Аз ин рӯ, халқ онро азизу муқаддас меҳисобад. Маҳз ҳамин ҳуҷҷати муҳими давлатдорӣ ҳуқуқу озодиҳои онҳоро муайяну эътирофу ҳифз намуда, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин, озодии виҷдону эътиқод ва дигар паҳлуҳои фаъолияти эшонро кафолат медиҳад. Конститутсияи мо ифтихори мо, сарвату давлати мо, бахтномаву шарафномаи мост.
Дар идомаи ҳамоиш Имомқул Бӯриев, доктори илми ҳуқуқ, профессор, пиромуни моҳияту мафҳуми Сарқонун ва таърихи тӯлонии соҳибқонунии миллати бошарафи тоҷик маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд.
Дар фарҷом донишҷӯён дар мавзӯи Ватан шеърҳо қироат карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






