Таҷлили Рӯзи Сарқонун дар Вазорати молия

Ноябрь 5, 2013 11:59

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих ).-  4  ноябр  дар  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бахшида ба  19 – солагии Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маҷлиси ботантана  баргузор  гардид.
 
Тавре  ки  аз  хадамоти  матбуоти Вазорати  молияи  ҶТ  хабар  доданд,  вазири  молия  Сафаралӣ  Наҷмуддинов   зимни  суханрониаш   рӯзҳои  аввали   душвори   мустақилияти давлатии  Тоҷикистон,  аз ҷумла  бесарусомонӣ ва  оқибатҳои  ҷанги  харобиоварро  хотирнишон  сохт. Мавсуф   ҳамчунин   зикр  намуд, ки таҳия  ва   бо  усули  раъйпурсии  умумихалқӣ  қабул  намудани Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистони  мустақил дар  он  давраи  душвор   омили  таҳким  бахшидани  асосҳои   давлатдории тоҷикон  гардид.
 
Вазир  дар  хотима қайд  намуд, ки  Сарқонуни  Тоҷикистон  дар  ҳақиқат  ҳуҷҷати  тақдирсоз  буда,  низоми  давлатдориро   муайян ва  ҳифзи   ҳуқуқ у  озодиҳои  инсону  шаҳрвандро таъмин  мекунад.

Ноябрь 5, 2013 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш